МегаФон Таджикистан

«Аз ту оғоз мегардад!»: чаро сокинони вилояти Хатлон тарофаро дӯст медоранд

Время чтения: 2 мин
«Аз ту оғоз мегардад!»: чаро  сокинони вилояти Хатлон тарофаро дӯст медоранд

Ба ифтихори 20-солагии худ аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ силсилаи тарофаҳои «Аз ту оғоз мегардад!» -ро ҷорӣ намуд. Онҳо ҳаҷми зиёди трафики интернет, паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоии бемаҳдуд, зангҳои бемаҳдудро дар дохили шабака дар бар мегиранд.        

 

Тарофаҳои ҷашнӣ моҳи июл таҳия карда шуданд. Бинобар нархи худ, аллакай баъд аз як моҳ онҳо ҳам дар байни муштариёни нави оператор дар вилояти Хатлон ва ҳам дар байни муштариёни «таҷрибадор» шуҳрат пайдо намуданд. Имрӯз зиёда аз 50% фурӯшҳоро – пайвастшавӣ ба тарофаҳои "Аз ту оғоз мегардад!" ташкил медиҳад. Дар байни чаҳор бастаи ин силсила бештар МегаФон 100 интихоб карда мешавад ва 20% муштариён маҳз онро мақбул медонанд.   Бештари мухлисони "Аз ту оғоз мегардад!" сокинони шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Ёвон ҳастанд.     

 

«Вақте ки ширкат чунин тарофаҳои муносибро ҷорӣ кард, ман аз ин ба ҳайрат афтодам. Ҳар як шахс метавонад бастаеро интихоб кунад, ки аллакай трафики интернет ва хизматрасониҳои бемаҳдуд дорад ва нархҳои ҳамаи ин хеле дастрас аст. Замони баромадани силсилаи нав, ман дарҳол “МегаФон 100”-ро интихоб кардам. Маълум шуд, ки ман яке аз муштариёни аввалин дар вилояти Хатлон ҳастам, ки ин тарофаро пайваст намудааст. Ҳоло ман аз сарфи интернети мобилӣ ё зангҳо дар дохили шабака хавотир нестам ҳамаи масъалаҳои кориро зуд ҳал мекунам», – мегӯяд муштарии ширкат Умеда Аскарова.    

 

“Тарофаҳои “Аз ту оғоз мегардад!" ба ҳамагон писанд омаданд ва ба шарофати онҳо даҳҳо ҳазор сокинони Хатлон муштарии рақамӣ гардиданд. Ҳар яке варианти мувофиқро аз рӯи шавқу афзалиятҳои худ барои сайрнамоӣ дар шабака пайдо карда тавонист”, - қайд намуд Директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон Маҷид Сайтасанов.

 

Силсила аз чор тарофа: «МегаФон 50», «МегаФон 100», «МегаФон 150» ва «МегаФон 200» иборат аст. Ба «МегаФон 50» - 10 000 Мб трафики интернет, паёмрасонҳо, «МегаФон Life», «Viber», «WhatsApp», «Facebookmessenger» дохиланд. «МегаФон 100» – ин 20 000 Мб, паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоии бемаҳдуд, «МегаФон Life», «Viber», «WhatsApp», «Facebookmessenger», «IMO», «Telegram», «Facebook», «Odnoklassniki», «Vkontakte», «Instagram» ва «Twitter». Бастаи «МегаФон 150» – 20 000 Мб, Бастаи «МегаФон 200» - 30 000 Мб, паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоии бемаҳдуд, инчунин YouTube-и бемаҳдудро дар бар мегирад. Зангҳо дар дохили шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» дар силсилаи ҷашнии тарофаҳо бе маҳдудият анҷом дода мешаванд.

Маълумоти муфассал – бо суроғаи https://megafon.tj/tarify-i-optsii/vse-tarify/ [ https://megafon.tj/tarify-i-optsii/vse-tarify/ ]


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2