Имкониятҳои нав барои истифодабарандагони “Ҳамён” дар замимаи мобилии “МегаФон Life”: акнун гузаштани мушаххасгардонии ройгон на танҳо дар худи замима ё толорҳои ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, балки инчунин дар идораҳои “Ҳумо Бонк” дар ҳудуди тамоми кишвар имконпазир аст.
Мушаххасгардонӣ ҳангоми муроҷиати шахсии мизоҷ ба идораи “Ҳумо Бонк” анҷом дода мешавад. Муштарӣ бояд шиносномаи аслӣ ва SIM-корти фаъоли “МегаФон Тоҷикистон” дошта бошад. Рақам бояд ба номи ҳамон шахсе ба қайд гирифта шавад, ки шиносномаро пешниҳод мекунад. Сипас корманди идора шиносномаи мизоҷро скан карда, маълумотро барои тасдиқ пешниҳод мекунад. Ҳангоми дуруст будани маълумот ва ҷой надоштани ягон номувофиқатӣ мушаххасгардонӣ одатан дар давоми соатҳои наздик ба амал бароварда мешавад. Дар сурати набудани шиноснома ё SIM-корт тартиб роҳандозӣ намешавад.
Мушаххасгардонӣ имкониятҳои истифодабарандаи “Ҳамён”-ро васеъ мекунад. Маҳдудиятҳои амалиётӣ бекор карда мешаванд ва пардохту интиқолҳо боз ҳам зудтар сурат мегиранд. Маблағҳои дастраси амалиётҳо ба таври назаррас афзоиш меёбанд: ҳамёни рақамиро на танҳо барои хароҷоти ҳаррӯза, балки барои пардохтҳои калонтар низ истифода бурдан мумкин аст. Таваҷҷӯҳи махсус ба масъалаи бехатарӣ зоҳир карда шудааст: “Ҳамён” ба рақам ва дастгоҳи истифодабаранда пайваст мегардад, ва як қоидаи оддӣ - ҳеҷ гоҳ рамзҳо ё паролҳоро бо касе надодан - маблағҳоро ба таври устувор муҳофизат мекунад.
Мушаххасгардонӣ инчунин онлайн дар замимаи “МегаФон Life” дастрас аст, барои ин зарур меояд, ки аксҳои ҳуҷҷатҳои лозимӣ ворид карда шавнд. Дар замима метавон дилхоҳ корти низоми “Корти Миллӣ”-и бонкҳо ва ташкилотҳои хурди молиявии кишварро боргирӣ намуда, маблағҳои худро дар як ҷой идора кард.
Барои зуд ва қулай пардохт кардани харидҳо, интиқоли маблағ ва пурра назорат кардани хароҷоти худ “МегаФон Life”-ро бо суроғаи боргирӣ намоед!
