20 сол – чунин аст собиқаи кории ширкати “МегаФон Тоҷикстон” дар вилояти Суғд. Муҳлат дароз аст, вале барои бозори зуд-зуд тағйирёбандаи алоқа чунин муҳлат ниҳоят дароз мебошад. Чӣ тавр ба оператор муяссар мешавад, ки мақомҳои худро нигоҳ дошта, барои муштариёни худ интихоби аён бошад? Сабабҳои асосиро номбар мекунем.
Тарофаҳои муфид ва қулай
Аввалан, доираи тарофаҳои муфид барои интихоб хеле васеъ аст. Ҳамин тариқ, силсилаи тарофаҳои “Дар тамос” нӯҳ бастаро бо нархҳои гуногун ва ҳаҷмҳои махсус дар бар мегирад. Ба муштарӣ чӣ миқдор дақиқаву мегабайтҳо зарур аст, оё ӯ шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳоро фаъолона истифода мебарад? Бо ҷавобгардонӣ ба ин саволҳо ҳар як нафар имкон пайдо мекунад, ки варианти барои худ муносибро пайдо намояд. Дар омади гап, якчанд сол пеш МегаФон махсусан барои Суғд тарофаҳоро ташкил менамуд – ин барои бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистон як рӯйдоди нодир буд. Баъдан ин таҷриба дар таҳияи тарофаҳо барои тамоми кишвар ба кор бурда шуд.
Садои тозаи VoLTE
Дуюм, суҳбат кардан дар шабакаи оператор – маънои хеле хуб шунидани ҳамсӯҳбатро дорад. Ширкат технологияи VoLTE (Voice over LTE, “садо дар шабакаи LTE”)-ро истифода менамояд, ки он имкон медиҳад занг хеле зуд ва бо садои тоза анҷом дода шавад. Технологияи мазкур аз он ҷиҳат қулай аст, ки имкон медиҳад ҳам суҳбат анҷом дода шуда, ҳам интернети мобилӣ истифода карда шавад. Пайвастагӣ тариқи VoLTE бо муштариёни тамоми операторон имконпазир аст. Вақти пайвастшавӣ ҳамагӣ 2 сонияро ташкил медиҳад.
Интернети босуръат
Сеюм, барои муштарии замонавӣ хизматрасонии мобилӣ ин интернет аст. Интернети оператор бояд то ҳадди имкон босуръат бошад. Мувофиқи натиҷаҳои speed-тестҳои моҳи декабри соли 2022 суръати аз ҳама баланд дар вилояти Суғд дар шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” мушоҳида мешавад, ки шиддати он 236 Мбит/с-ро ташкил додааст. Дар бисёр маконҳо – масалан дар ҳудуди Хуҷанд суръати интернети МегаФон дар муқоиса бо операторони дигар яку ним – ду маротиба баландтар аст.
Шабакаи васеъ
Чорум, алоқаи боэътимоди овозӣ ва интернети босуръат бояд ба ҳамаи муштариён дастрас бошанд. Барои ҳамин МегаФон сол аз сол минтақаи фарогирии шабакаро васеъ менамояд. Айни ҳол дар вилояти Суғд зиёда аз 220 пойгоҳҳои базавии “босуръати” стандарти 4G дар фаъолият ҳастанд. Интернети насли чорум ҳар дар шаҳрҳои калон ва ҳам дар ноҳияҳои вилоят мавҷуд аст. Ҳамагӣ дар минтақа оператор дорои зиёда аз 400 пойгоҳҳои базавии стандартҳои гуногуни алоқа мебошад.
Хизматрасонии дастрас
Панҷум, муштариёни суғдии МегаФон бо хизматрасонии беҳтарин таъмин гардидаанд. Шабакаи фурӯши оператор шабакаи бузуртарин дар ноҳия буда, зиёда аз 65 толори фирмавиро дар бар мегирад. Дилхоҳ масъалаи мобилиро метавон дар якчанд дақиқаи ангуштшумор ҳангоми роҳи хона ё ҳангоми харидҳо ҳал намуд. Дар идораҳои МегаФон муштариён бо табассум пешвоз гирифта шуда, ҳамаи масъалаҳояшон ҳал карда мешаванд.
Онлайн-хизматрасонӣ
Шашум, шабакаи васеи толорҳоро онлайн-мушовирон дар сомонаи расмӣ ва дар замимаи мобилии “МегаФон Life” пурра менамоянд. Ин вақти муштариёнро то дараҷаи назаррас сарфа мекунад, зеро интернет имкон медиҳад, ки маълумоти зарурӣ аз дилхоҳ нуқта ба даст оварда шавад. Дар баробари ин, дар паёмрасонҳои Facebook ва Telegram чат боти “Доно” дар хизмати муштариён аст, ки он бо ёрии технологияҳои зеҳни сунъӣ кор мекунад.
Технологияҳои инноватсионӣ
Ҳафтум, оператор бисёр инноватсияҳои нодирро, аз ҷумла, барои сокинони вилояти Суғд роҳандозӣ намуд. Ҳамин тариқ, кортҳои электронии eSIM аввалин шуда маҳз ба муштариёни МегаФон пешниҳод карда шуданд. Наздик аст он замоне, ки eSIM ба воситаи қулай ва самараноки ивазкунандаи сим-кортҳои муқаррарӣ табдил хоҳад ёфт. Инноватсияҳо ҳамчунин ҳангоми бунёди шабака истифода карда мешаванд. Масалан, дар кӯҳҳои Фон МегаФон пойгоҳҳои базавиеро истифода мебарад, ки аз ҳисоби генераторҳои бодӣ ва батареяҳои офтобӣ фаъолият мекунанд. Нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза қобилияти кории таҷҳизотро дар манотиқи дурдаст таъмин менамояд.
Хизматрасониҳои пешрафтаи молиявӣ-техникӣ Ҳаштум, хизматрасониҳои рақамӣ низ новаторӣ мешаванд. МегаФон дар соҳаи технологияҳои муосири молиявӣ ширкати пешсаф маҳсуб меёбад. Оператор экосистемаи бузургтарини хизматрасониҳои молиявиро ташкил додааст, ки баъзеи онҳоро ҳамаи сокинони вилояти Суғд, аз ҷумла муштариёни ширкатҳои дигари телекоммуникатсионӣ низ истифода бурда метавонанд. Ҳамин тариқ, хизматрасонии “Cash Out” ба дорандагони кортҳои “Корти Миллӣ” имкон медиҳад, ки дар 23 толорҳои алоқаи Суғд маблағҳои худро бо пешниҳоди худи корт ва шиноснома нақд намоянд. Дастраскунии маблағи нақд дар дилхоҳ макон ва бе навбат имконпазир аст, комиссия – ҳамагӣ 1%. Дар замимаи “МегаФон Life” бошад, ки боргирии он ҳамчунин ба ҳамаи хоҳишмандон дастрас аст, метавон маблағҳоро аз Тоҷикистон ба ФР интиқол дод ва баръакс.