MegaFon Tajikistan

МегаФон Тоҷикистон толори фирмавиро дар Сангвор ифтитоҳ намуд

145 views
Time to read: 1 min
МегаФон Тоҷикистон толори фирмавиро дар  Сангвор ифтитоҳ намуд

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ инкишофи  шабакаи нуқтаҳои хизматрасонии мизоҷонро дар ноҳияҳои кишвар идома медиҳад. Толори нави фирмавӣ дар маркази деҳаи Тавилдара кушода шудааст. Акнун сокинони деҳа, ки шумораашон беш аз 4 000 мебошад, аз хизматрасонии ширкати  МегаФон Тоҷикистон истифода бурда метавонанд.    

«Пешниҳоди имкониятҳои қулай – яке аз омилҳои муҳимест, ки мо   ҳангоми рушди шабакаи хизматрасонӣ ба он аҳамият медиҳем. Аз ҳама мушкил - ин пешниҳоди хизматрасониҳои сатҳи шаҳрӣ ба маҳалҳои аҳолинишини хурд ба ҳисоб меравад.  Онҳо аз ҳам дар масофаи дур ҷойгиранд ва  бинобар ин қариб дар ҳар як маркази ноҳия кушодани толори фирмавии алоҳида зарурат дорад, ки ин  вақт ва маблағгузории калонро талаб менамояд.  Вале, бо пайдоиши ин гуна нуқтаҳо, муштариёни мо дигар барои рафтан ба ҷои дур ниёз надоранд. Ҳамин тариқ, қабл аз ифтитоҳи толор дар деҳаи Тавилдара, сокинони маҳаллӣ маҷбур буданд, ки ба ноҳияи Рашт барои дастраскунии хизматрасониҳои алоқа сафар намоянд ва ин хеле роҳи тӯлонӣ буд.  Акнун ҳама масъалаҳои бо хизматрасониҳои алоқа вобастаро дар маҳалли худ ҳал кардан мумкин аст», – мегӯяд директори Раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.

Дар баробари кушодашавии толори фирмавӣ, муштариёни оператор имкон пайдо карданд, ки ҳангоми интихоби тарофаи муфид ё танзимкунии дастгоҳи мобилӣ бо мутахассисон машварат намоянд, бевосита бо намудҳои нави смартфонҳо шинос шаванд.  Ин ҳам барои сокинони деҳа ва ҳам барои сокинони маҳалҳои аҳолинишини атроф қулай мебошад.


© 2026 CJSC «TT-Mobile». All rights reserved

734066, Dushanbe, N. Khuvaidulloeva St. 73/2