Барои алоқа, барои одамон, барои кишвар
- Ширкат

МегаФон Тоҷикистон тӯли чоряк асри фаъолияти худ чӣ корҳоро анҷом дод?
3 сентябр яке аз операторони пешбари телекоммуникатсионии Тоҷикистон 25-солагии худро ҷашн мегирад. Чоряк аср барои соҳаи алоқаи босуръат рушдёбанда мӯҳлати тӯлонист. Аз ин рӯ, номбар кардани ҳама дастовардҳое, ки МегаФон Тоҷикистон дар ин муддат ба онҳо ноил шудааст, дар як маводи оддӣ ғайриимкон аст. Биёед ба натиҷаҳои асосӣ диққат диҳем. Лекин аввалан хотиррасон бояд кард: дар соли 2001 оператор корро воқеан аз сифр оғоз карда буд.
Аз ПБ нахустин – то шабакаи бузург
Ширкат моҳи сентябри соли 2001 таъсис ёфтааст ва аввалин занг дар шабакаи он 2 октябр анҷом дода шуд. Он вақт дар ихтиёри оператори ҷавон дар Душанбе танҳо якчанд пойгоҳи базавӣ (ПБ) қарор дошт. Айни замон шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” дорои тақрибан 1 860 майдони пойгоҳи базавӣ мебошад. Аз ин шумора, дар тақрибан 1 550 адад ё зиёда аз 80% пойгоҳи базавӣ технологияи 4G/LTE бо суръатҳои баланди интернети мобилӣ дастрас аст.
Шабакаи хусусии хатҳои алоқаи нахӣ-нурӣ, ки шаҳрҳо ва минтақаҳои ҷумҳуриро мепайвандад ва дарозии умумии онҳо беш аз 2600 километрро ташкил медиҳад, ба интиқоли ҳаҷми бузурги трафики овозӣ ва интернет мусоидат мекунад.
Аз Душанбе – то ҳадду канор
МегаФон Тоҷикистон аввалин операторе буд, ки бунёди шабакаро берун аз шаҳрҳои калон, аз ҷумла дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистонӣ оғоз намудкард. Инчунин, он аввалин операторе буд, ки интернети 4G-ро дар ҳамаи марказҳои ноҳиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даровард. Алҳол алоқаи оператор ба 87,2% аҳолии кишвар дастрас аст. Ин бо назардошти душвории бунёди шабака дар кӯҳҳо натиҷаи барҷаста мебошад. Ғайр аз ин, 85,4% сокинони Тоҷикистон имкон доранд, ки аз интернети 4G-и баландсуръат истифода баранд.
Аз GSM – то шабакаҳои 4G
Дар соли 2001 операторон танҳо як технологияи рақамӣ доштанд - GSM ё 2G. Маҷмӯи хизматрасониҳои асосӣ танҳо ба зангҳо ва SMS маҳдуд буд. Аммо ҳамагӣ чор сол пас МегаФон Тоҷикистон аввалин шуда дар ИДМ шабакаи 3G-ро ба кор даровард. Дар соли 2011 оператор озмоиши шабакаи 4G-ро оғоз кард – ҳамчунин аввалин дар кишвар. Ҳамин тавр инфрасохтори серқабатаи ширкат бунёд ёфта, алоқаи босифатро барои муштариён таъмин намуд.
Танҳо дар тӯли 15 соли охир, шуруъ аз соли 2012 “МегаФон Тоҷикистон” 290,5 миллион доллари ИМА-ро барои сохтмони инфрасохтор сармоягузорӣ кардааст.
Аз зангҳо – то экосистемаи хизматрасониҳои рақамӣ
Дар тӯли 25 сол алоқаи мобилӣ ба пешравиҳои назаррас ноил шуд. Технологияҳои инноватсионӣ пайдо шуданд, ки муштариёни МегаФон Тоҷикистон онҳоро аксар вақт аввалин шуда истифода мебурданд. Дар қатори онҳо – кортҳои электронии eSIM ва технологияи VoLTE, ки овози тозаро бо имконияти ҳамзамон истифода бурдани интернети мобилии 4G-ро фароҳам меорад, қарор доранд. Барои бозори телекоммуникатсионии кишвар замимаи мобилии “МегаФон Life” – маҳсули дасти оператор беназир буд, он ба корбарон имкон медод, ки хизматрасониҳои алоқаи худро тариқи смартфони худ идора кунанд, маблағ интиқол диҳанд, чиптаҳои ҳавопаймоӣ фармоиш диҳанд, суғуртаи мошинро ба расмият дароранд ва ба таври фосилавӣ тариқи як Super App масъалаҳои рӯзмарраро ҳал кунанд.
МегаФон Тоҷикистон инчунин пешниҳодҳои беназири тарофавиро таҳия кардааст. Масалан, "Биё! Бисоз 2.0" тарофаи сохташавандае мебошад, ки нархи онро худи муштариён худ муайян месозанд. Ин ҳам бори аввал дар таърих аст. Дар заминаи он тарофаҳои пешпардохтие таҳия гардидаанд, ки онҳо барои пардохти маблағи тарофа барои се, шаш ё нӯҳ моҳи минбаъда ва дастраскунии бонусҳо аз ин ҳисоб дар шакли трафики интернети иловагӣ имкон медиҳанд.
Аз аввалин муштарӣ то аудиторияи думиллионнафара
Инноватсияҳои мобилӣ, технологияҳои беназир ва тарофаҳои оператор аз ҷониби корбарон баҳои баланд гирифтанд. Алоқаи “МегаФон Тоҷикистон”-ро айни замон зиёда аз 2 миллион муштарӣ истифода мебаранд. Ин тақрибан аз панҷ як сокини кишвар аст — натиҷаи аъло барои бозори рақобатпазири алоқаи ҶТ.
Аз мутахассисони аввалин - то Дастаи калон
Дар оғози таърихи худ, ширкати "МегаФон Тоҷикистон" як дастаи хурд дошт — ҳамагӣ 15 мутахассиси штатӣ амал мекарданд, ки ҳама дар Душанбе қарор доштанд. Баъзе аз воҳидҳои минтақавӣ, ки дар солҳои баъдӣ кушода шуданд, бо танҳо ду ё се корманд фаъолият мекарданд. Дар ҳоли имрӯз дастаи оператор аз 770 мутахассиси ботаҷриба иборат аст, ки 28 нафари онҳо дорои унвони олии "Устоди алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" мебошанд. Тахассуси худро кормандон метавонанд дар “Академияи МегаФон” ё тавассути онлайн-платформаи махсус такмил диҳанд.
Ширкат на танҳо нисбати мутахассисони худ ғамхорӣ зоҳир мекунад, балки инчунин дар фикри омода кардани кадрҳо барои тамоми соҳаи алоқаи Тоҷикистон аст. МегаФон Тоҷикистон бо бузургтарин донишгоҳҳои кишвар ҳамкорӣ мекунад ва бо иштироки мутахассисони пешбари худ лексияҳо ва машғулиятҳои омӯзишӣ ташкил мекунад. Ҳар сол тақрибан 50-60 донишҷӯ дар ширкат аз коромӯзӣ мегузаранд.
Дар панҷ соли охир "МегаФон Тоҷикистон" беш аз 3,2 миллион сомониро ба лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва хайриявӣ равона кардааст.
Аз тиҷоратӣ оддӣ – то тиҷорати иҷтимоӣ
Аз солҳои аввали фаъолият МегаФон Тоҷикистон ба самти хайрия ва лоиҳаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекард. Аз дастгирии ширкат хонаҳои кӯдакон ва интернатҳо, оилаҳои камбизоат, лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва омӯзишӣ бархурдор ҳастанд.
Оператор мунтазам соҳаи варзишро дастгирӣ намуда, дар ҳудуди тамоми кишвар мусобиқаҳои кӯдаконаи футбол доир менамояд, ба ҳайси шарики мусобиқаҳо оид ба киберварзиш, волейбол, парапланеризм, варзиши парашютӣ баромад мекунад. Бо ҳамин сабаб МегаФон Тоҷикистон барои бисёриҳо на танҳо алоқа аст. Он ҳамсояи наздик ва дӯсти неке мебошад, ки доимо дар паҳлуи Шумост.
МегаФон Тоҷикистон – 25 соли инноватсияҳо ва фаъолият ба манфиати тамоми кишвар!