Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет ва ММС
  • Дархостҳои USSD
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Толорҳои фирмавии алоқа
  • Ахборот

Ахборот

24 Января 2020

19-20 январ дар доираи Ҳафтаи муд дар пойтахти Фаронса намоиши байналмилалии Oriental Fashion show, ки ба муди олии кишварҳои Шарқ  бахшида шуда буд, доир гардид. Тоҷикистонро дар ин шоу дизайнер Нафиса Имранова, ки бренди хусусии ZHIWJ-ро ташкил кардааст, муаррифӣ намуд. Сафари ӯ ба шаҳри Париж маҳз бо дастгирии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» имконият  пайдо кард.            

22 Января 2020

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” пойгоҳҳои нави базавии стандарти 4G-ро дар ноҳияи Спитамен ба кор даровард. Ба Муштариёни оператори якуми имкониятҳои нави рақамӣ хизматрасонии интернети мобилӣ бо суръатҳои то 40-50 Мбит дар як сония дастрас шуд, ки ин аз суръатҳои муқаррарии шабакаи 3G 6-7 маротиба баландтар аст. Дар баробари ин, нархи интернети мобилӣ бетағйир боқӣ монд.  

21 Января 2020

18 январ дар маҷмааи сайёҳии “Сафед-дара” чорабинии якуми барфӣ гузаронида шуда, он аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ташкил карда шуд. Дӯстдорони варзиши зимистона сари як пиёла чойи гарм бо кулчақандҳо вақти худро хеле хуш гузаронида, соҳиби туҳфаҳои гуворо – сертификатҳо барои дастраскунии трафики босуръати интернет гардиданд.  Snow Party-и минбаъда якшанбеи ҳафтаи ҷорӣ, 26 январ гузаронида мешавад.

20 Января 2020

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” шабакаи толорҳои фирмавиро дар вилояти Хатлон васеъ намуд. Нуқтаҳои нави фурӯш дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Восеъ ва маркази маъмурии ноҳияи Хуросон – деҳаи Обикиик кушода шуданд.

16 Января 2020

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» лоиҳаи муштаракро бо Fly.tj ба кор медарорад. Акнун чиптаҳои муфидро ба хатсайрҳо, ки тавассути системаи Fly.tj фармоиш дода шуданд, дар дилхоҳ толори алоқаи аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ  дастрас кардан мумкин аст.    

9 Января 2020

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба намунаҳои литсензионии электронии маҷаллаҳои маъруф дастрасӣ мекушояд. Дар портали нави “Mega Pressa” метавон чунин нашрияҳоро ба монанди “Men’s Health”, “Vogue”, “Elle”, “Forbes” ва дигарҳоро мутолиа намуд. Арзиши хизматрасонӣ – 0,70 сомонӣ дар як шабонарӯз.

7 Января 2020

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бозии аввалини «МегаКвест»-ро, ки бо технологияҳои воқеияти иловашуда асос ёфтааст, роҳандозӣ намуд. Дар нуқтаҳои муайяни тамоми ҳудуди Тоҷикистон соҳибони смартфонҳо метавонанд дар экранҳо на танҳо манзараҳои маъмулии шаҳр ё кӯҳсор, балки объектҳои виртуалиро, ба монанди киштиҳои кайҳонӣ ва тангаҳои тиллоӣ, бубинанд.  Бо киштиҳои кайҳонӣ гирифтани расм имконият дошта, тангаҳои тиллоии “МегаКоинҳо” ҳангоми пардохти харид дар мағозаи интернетии худи бозӣ қабул карда мешаванд.    

31 Декабря 2019

Дар «Академияи МегаФон» вохӯрии роҳбарони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бо кормандони ВАО ва блогерҳои кишвар баргузор гардид. Ба меҳмонон дар бораи натиҷаҳои назарраси соли 2019 маълумот дода, маҳсулоти навин – бозии  «МегаКвест»-ро иловаи воқеият манзур намуданд.

31 Декабря 2019

Ширкати Ookla, таҳиякунандаи  замимаи маъруфи мобилии SpeedTest, натиҷаҳои таҳқиқоти мустақили суръатҳои интернети мобилиро интишор намуд. Бори аввал дар рейтинги байналмилалии Ookla маълумотҳои операторони Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардиданд. Натиҷаҳои баландро дар соли 2019 мувофиқи ченкуниҳои истифодабарандагони интернет МегаФон Тоҷикистон манзур намудааст.    

27 Декабря 2019

МегаФон Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор толори фирмавӣ кушодааст. Он нахустин нуқтаи хизматрасониест, ки  мувофиқи меъёрҳои нав ва дар заминаи таъмини шароитҳои  комилан қулай барои мизоҷон оро дода шуд. Толори нав ба ғайр аз масоҳати васеъ, инчунин бо тарҳи замонавӣ ва истифодаи масолеҳи табиӣ фарқият дорад.  

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj
Салом.
Оё ман метавонам кӯмак
кунам?